Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:4614.10.2026
Кадом касбҳо имрӯз дар бозори меҳнати Тоҷикистон талабот доранд? Дар куҷо метавон касби нав омӯхт, малакаҳои худро такмил дод ва барои пайдо кардани ҷойи кор омода шуд?
Дар подкасти нав дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» дар бораи имкониятҳои касбомӯзӣ ва натиҷаҳои фаъолияти марказҳои рушди малакаҳо суҳбат мекунем.
Чанд нафар аз омӯзишҳо баҳра бурданд ва кадом касбҳоро аз худ карданд? Барои ҷалби занон ба касбомӯзӣ чӣ гуна шароит фароҳам оварда шудааст? Оё таҷриба ва малакаҳои қаблан андӯхтаро бе таҳсили такрорӣ расман тасдиқ кардан мумкин аст? Ва пас аз хатми курсҳо барои бо кор таъмин шудани хатмкунандагон чӣ гуна дастгирӣ пешбинӣ шудааст?
Ба ин ва дигар саволҳо Савринисо Пирзода, мутахассиси робита бо ҷомеа ва Озар Бахтиёров, ҳамоҳангсози омӯзиши лоиҳа, посух медиҳанд.
Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад.
Подкастро тамошо кунед ва аз имкониятҳои касбомӯзӣ бештар огоҳ шавед.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
1 дня назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
6 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
6 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
18 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
21 дня назад